Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳамчу оташ ҳар киро дуди талаб дар сар бувад,

Ҳамчу оташ ҳар киро дуди талаб дар сар бувад, Ҳар хасу хораш ба авҷи муддао раҳбар бувад. Мезанад соғар ба тоқи абруи осудагӣ, Ҳар киро аз обила по бар сари Кавсар бувад. Бе ҳавое нест мумкин гарми ҷустуҷӯ шудан, Саъй дар бематлабиҳо тоири бепар бувад. Хок ногарида натвон бӯйи роҳат ёфтан, Сандали дарди сари ҳар шуъла хокистар бувад. Аз шикасти хеш дарё мекашад саъйи ҳубоб, Нашъаи камзарфи мо ҳам кош аз ин соғар бувад. Чоки ҳирмон дар дилу санги надомат бар сар аст, Ҳар киро чун сикка рӯйи илтифоти зар бувад. Шамъро носӯхтан маҳрумии нашвунумост, Офият дар мазраи мо офате дигар бувад. Нест асбоби тааллуқ монеъи парвози шавқ, Чун нигаҳ моро ҳамон чоки қафас шаҳпар бувад. Забти оҳи мо чароғи шавқ равшан кардан аст, Оташи дил обрӯйи дидаи миҷмар бувад. Дар муҳити инқилобамвоҷи ҷӯши эҳтиёҷ Ҳифзи оби рӯст чун гавҳар, агар лангар бувад. Ҳар кӣ аз васфи хати навхези хубон ғофил аст, Дар ниёми лаб забонаш теғи беҷавҳар бувад. Ҳосили умр аз ҷаҳон як дил ба даст овардан аст, Мақсади ғаввос аз ин нуҳ баҳр як гавҳар бувад. Чун маҳи нав бар заифиҳо бисоте чидаем, Мояи болидани мо паҳлуи лоғар бувад. Равнақи пирист, Бедил, аз ҷавонӣ дам задан, Ҷинси гармӣ зинати дуккони хокистар бувад.