Дар ишқ он ки қобили дардаш надидаанд,
Дар ишқ он ки қобили дардаш надидаанд,
Ҳезест к-аз қаламрави мардаш надидаанд.
Гулҳо, ки бар насими баҳор аст нозашон,
Аз боди меҳргон дами сардаш надидаанд.
Халқе хаёлбози фиреб аст зери чарх,
Холи зиёди тахтаи нардаш надидаанд.
Вомондааст халқ ба печухами ҷасад,
Кайфияти ҳақиқати фардаш надидаанд.
Бар соя бастаанд ҳарифон ғубори аҷз,
Ҷавлони кӯҳудаштнавардаш надидаанд.
Сомони навбаҳори гулистони мовуман
Ранги паридаест, ки гардаш надидаанд.
Аз гови осмон чӣ таматтуъ барад касе?
Шири сафеду равғани зардаш надидаанд.
Эй бехабар зи шикваи гардун, ба шарм кӯш,
Охир туро ҳарифи набардаш надидаанд.
Бедил, дар ин бисот тамошоиёни ваҳм,
Аз дил чӣ дидаанд, ки дардаш надидаанд?