Дар ғамат охир ба ҷое кори бедодам расид,
Дар ғамат охир ба ҷое кори бедодам расид,
К-аз тапидан сурма шуд, ҳар кас ба фарёдам расид,
Синаро аз тиру дилро нест аз захми синон,
Бе қадат он офате, к-аз сарву шамшодам расид.
Домгоҳи шавқ чун ман сайди маҳруме надошт,
Нолаворе ҳам намонд аз ман, ки сайёдам расид.
Ишқ заъфе дошт, то шуд бо мизоҷам ошно,
Сел шабнам буд, то дар меҳнатободам расид.
Чун шарар доғи фано натвон зудуд аз тинатам,
Чашмзахме буд маъдумӣ, к-аз эҷодам расид,
Гиря, гӯ, хун шав, ки ман аз яъси матлаб сӯхтам,
То кунам сомони об, оташ ба бунёдам расид.
Мактаби офоқ аз бас дарсгоҳи ибрат аст,
Гӯшмоле буд, ҳар ҳарфе к-аз устодам расид.
Ҳасрате дар пардаи навмедии дил доштам,
Сӯхтанҳо чун сипанд охир ба фарёдам расид?
Ёр дорад пурсиши аҳволи дурафтодагон,
Ку фаромӯшӣ, ки гӯям навбати ёдам расид?
Санг ҳам гар мешикофӣ, ёр меояд бурун,
Ин садо аз Бесутуни саъйи Фарҳодам расид.
Қосиди шавқ аз камини норасоӣ эмин аст,
Нолае дорам, ки дар ҳар ҷо фиристодам, расид.
Шуълаи афсурда, Бедил, шаҳпари хокистар аст,
Дар ҳавояш ҳар кӣ рафт аз худ, ба имдодам расид.