Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар биёбоне, ки саъйи бехудӣ раҳбар шавад,

Дар биёбоне, ки саъйи бехудӣ раҳбар шавад, Роҳи сад матлаб ба як лағзидани по сар шавад. Ҷузвҳо дар уқдаи худдорӣ аз кул ғофиланд, Нуқта аз забти инон гар бигзарад, дафтар шавад. Хушкӣ аз табъи ҷаҳон олудагӣ ҳам маҳв кард, Лофи чашми тар тавон зад, домане гар тар шавад. Гар ҳама гавҳар бувад, навмедӣ аст афсурдагӣ, Аз гаронборӣ мабодо киштиям лангар шавад! Фоли осудан надорад худгудозиҳои ман, Ҷумла парвоз аст он оташ, ки хокистар шавад. Уқдаи корат далели эътибори дигар аст, Шохи гул чун ғунча орад, риштаи гавҳар шавад. Бар шикасти ҳар зиён таъмири суде бастаанд, Фарбиҳӣ вақфи ғано, гар орзу лоғар шавад. Чора натвонад нуҳуфтан рози мо-хуниндилон, Захми гул аз бахяи шабнам намоёнтар шавад. Хоки ҳасратмурдае дорам, ки монанди ҷарас Нола паймояд ба ҷои бода, гар соғар шавад. Соҳиби оина натвон гашт бе қатъи нафас, Бигзарад аз зиндагӣ, то Хизр Искандар шавад. Вазъи ҳамворӣ зи абнои замон матлуби мост, Одамият гар набошад ҳар кӣ, хоҳад, хар шавад. Бедил, осон нест касби эътибороти ҷаҳон, Сахт афсурдан ба худ бандад, ки хоке зар шавад.