Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар эҳтиёҷ натвон бар сифла илтиҷо бурд,

Дар эҳтиёҷ натвон бар сифла илтиҷо бурд, Дасти шикаста ҳайф аст, бояд ба пеши по бурд. Қосид ба пеши дилдор то номи муддао бурд, Мактуби мо арақ кард чандон, ки нақши мо бурд. Ранги баҳори раҳмат аз шарм об гардид, То ҳасрати иҷобат гул бар кафи дуо бурд. Дасти дар остинаш дил бурдане ниҳон дошт, Имрӯзаш аз кафи ноз он баҳларо ҳино бурд. Аз дайр агар рамидем, дар Каъба сар кашидем, Аз худ бурун нарафтан моро ҳазор ҷо бурд. Тадбири чарх хун шуд дар кори уқдаи дил, Ин дона аз дуруштӣ дандони осиё бурд. Фикри вуфури ҳар чиз афсуни бетаммизист, Алвони неъмат аст он, к-аз мунъим иштиҳо бурд. Иқболи аҳли ҳиммат бозихури ҳавас нест, Натвонад аз сари чарх ҳар макру фан ридо бурд. Ҳар ҷо зи по фитодем, доди фароғ додем, Паҳлӯи лоғар аз мо ташвиши бӯриё бурд. Шуд қомати ҷавонӣ дар пириям фаромӯш, Охир асои чӯбин аз дастам он асо бурд. Бояд зи хокам акнун хатти ғубор хондан, Умрест сарнавиштам пирӣ ба нақши по бурд. Ҷӯши арақ чу субҳам дар парда шабнамӣ дошт, То дам задам зи ҳастӣ, шарм аз нафас ҳаво бурд. Як вопасин нигоҳе мехост рафтани умр, Машшота қадрдон буд, оина бар қафо бурд. Бедил, гузашт халқе маҳмилбадӯши ҳасрат, Моро ҳам орзуе мебурд, то куҷо бурд.