Ҳусни бешарм аз ҳуҷуми булҳавас маҳшар шавад,
Ҳусни бешарм аз ҳуҷуми булҳавас маҳшар шавад,
Эмин аз гулчин набошад, боғ чун бедар шавад.
Содалавҳиҳои дил умрест, сармашқи ғаност,
Орзу, ё Раб, мабод, ин сафҳаро мистар шавад.
Хоки арбоби назар сомони нури огаҳист,
Сурма бояд кард, агар оина хокистар шавад.
Шӯхии ҳарф аз забони шармсори мо махоҳ,
Тоир аз парвоз мемонад, чу болаш тар шавад.
Сафҳаи дилро ба доғе метавон оина кард,
Лафз аз як нуқта соҳибмаънии дигар шавад.
Осмон, мушкил, ба осонӣ диҳад парвози дил,
Баҳр тӯфонҳо кунад, то қатрае гавҳар шавад.
То тавонӣ, сар матоб аз ҷодаи таслими ишқ,
Хок чун дар сояи хуршед хобад, зар шавад.
Соявор аз бекасиҳо ҳилаҷӯи иззатам,
Бар сарам гар хок ҳам дасте кашад, афсар шавад.
Ҳасрати махмурии он чашми майгун бурдаам,
Сарнавишти хоки ман, ё Раб, хати соғар шавад.
Эй ҷунунтаъмир, аз ташвиши осудан баро,
Ҷони сахтат чанд хишти ин куҳанманзар шавад?
Орамидан ку? Гирифтам, соате чун гирдбод
Дар сари хокат ҳавое печаду афсар шавад.
Бедил, аз саргаштагонӣ, манзилат оворагист,
Изтиробат чанд чун реги равон раҳбар шавад?