Ҳирсат он нест, ки маргаш зи ҳавас водорад,
Ҳирсат он нест, ки маргаш зи ҳавас водорад,
Дар кафан низ ҳамон домани дунё дорад.
З-ин чаман барги гуле нест, нагардонад ранг,
Бохабар бош, ки имрӯзи ту фардо дорад.
Ҳама аз ҷилва ба андози тағофул задаем,
Он чи нодида тавон дид, тамошо дорад.
Ҷода дар домани саҳрои маломат чокест,
Ки сари бахя зи нақши қадами мо дорад.
Дами теғи ту нашуд мунфаил аз куштани мо,
Хуни ошиқ чӣ қадар оби гуворо дорад.
Сояи гумшуда маҳви назари хуршед аст,
Ҳар кӣ аз хеш равад, дар чаманат ҷо дорад.
Лола дар домани ин дашт ба тӯфон задааст,
Яъси Маҷнун чӣ қадар гарди сувайдо
дорад.
Мақсади нолаи дил аз мани мадҳуш мапурс,
Шавқ маст аст, надонам, чӣ тақозо дорад?
Мункири ваҳшати мо сӯхтаҷонон нашавӣ,
Шуъла дар болу пари рехта анқо дорад.
Мовуман нағмаи қонуни хаёл аст ин ҷо,
Асари ҳастии мо қатра ба дарё дорад.
Лафз гул кардаӣ, оинаи маънӣ баргир,
Парӣ исмест, ки аз шиша мусаммо дорад.
Раҳрав аз ранҷи сафар чора надорад, Бедил,
Мавҷ доим зи ҳубоб обилаи по дорад.