Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳирс агар бар аташ

Ҳирс агар бар аташ ғулӯ дорад, Шарм обе дигар ба ҷӯ дорад. Гӯшаи домани қаноат гир, Хоки ин водӣ обрӯ дорад. Хор-хори хаёли пуч балост, Оҳ аз он дил, ки орзу дорад. Нест ин баҳр бе шинои ҳубоб, Сари бемағз ҳам каду дорад. Ранги гул бе ту бедимоғам кард, Хуни ин захми тоза бӯ дорад. Даст мебояд аз ҷаҳон шустан, Рафъи олоиш ин вузӯ дорад. Сози иқбол бе шикасте нест, Чинии эътибор мӯ дорад. Беривоҷи ҷаҳони унсурием, Ҷинси мо гарди чорсӯ дорад. Авҷи бунёди мо нигунсорист, Мӯйи сар сӯи хок рӯ дорад. Аз нафас ҳар чӣ руст, рафт ба бод, Решаи мо ҳамин нумӯ дорад. Бар кӣ нолад ниёзи мо, ё Раб, Додрас пур ба ноз хӯ дорад. Хок ногашта пок гаштан нест, Зоҳидон, об ҳам вузӯ дорад. Ҳар куҷоем, аз ин чаман дурем, Мовуман рангу бӯи ӯ дорад. Бедил, ин ҳарфу савт чизе нест, Хомушӣ маънии магӯ дорад.