Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳарифиҳои ишқ аз ҳар касу нокас намеояд,

Ҳарифиҳои ишқ аз ҳар касу нокас намеояд, Шинои қулзуми оташ зи хору хас намеояд. Талоши ҳирси дунтинат надорад чора аз дунё, Ба ғайр аз рағбати мурдор аз ин каргас намеояд. Зи бас саъйи тақаддум бурдааст аз худ табоеъро, Ҷаҳон рафтаст пеш аз ҳам, касе аз пас намеояд. Ба бӯе қонеъам аз сайри рангомезии имкон, Иборатҳо ба кори табъи маънирас намеояд. Сулаймонӣ раҳо кун, мӯр ҳам карруфаре дорад, Ҳама гар кӯҳ бошад, бо садое бас намеояд.292 Ғурури саркашӣ афкандааст ин худпарастонро, Ба он пастӣ, ки пеши по ба чашми кас намеояд. Уруҷи нашъаи ҳиммат дар ин хумхонаҳо, Бедил, Бурунҷӯшест, аммо аз майи норас намеояд.