Пари ҳумо чӣ кунад? Бахт агар дигаргун шуд,
Пари ҳумо чӣ кунад? Бахт агар дигаргун шуд,
Утоқа
аст думи мокиён, чу вожун шуд.
Дар аҳли мазбала
касби камол канносист
Набояд он ҳама мақбули олами дун шуд.
Ҷунуни ҳирс пас аз марг низ дар кор аст,
Ҳазор ганҷ таҳи хоки милки Қорун шуд.
Фасонаи ту агар мӯҷиди алам нашавад,
Мубарҳан аст, ки Лайлӣ намонду Маҷнун шуд
Ба гуфтугӯ мадеҳ аз каф ҳузури ҷамъият,
Инон гусаст, чу аз дона реша берун шуд.
Далели иззати мавҷи гуҳар хомӯшӣ буд,
Ба сакта сохт нафас, то калом мавзун шуд.
Ҳусули обилапо музди бесарупоист,
Кафили ин гуҳарам саъйи кӯҳу ҳомун шуд.
Уруҷи олами иқболи бехудӣ дигар аст,
Ба гардиш ончи зи рангам парид, гардун шуд.
Навои сози руунат
қиёматангез аст,
Ба хидмати раги гардан наметавон хун шуд.
Баҳори ғайрати мард обёрии хун дошт,
Арақ чакид ба кайфияте, ки гулгун шуд.
Замони фурсати ҳар чиз муғтанам шумаред,
Ки то ба ҳашр нахоҳад шуд, ончи акнун шуд.
Бар он ситамзада Бедил зи олами авҳом
Чӣ зулм рафт, ки Маҷнун нашуд, Фалотун шуд?