Пириям охир маю паймона бурд,
Пириям охир маю паймона бурд,
Боди саҳар шамъ зи кошона бурд.
Дида сиёҳӣ зи гулу лола чид,
Гӯш гаронӣ зи ҳар афсона бурд.
Шамъи ҷунун обилапо карда гум,
Сар ба ҳаво лағзиши мастона бурд.
Кашмакаш аз саъйи нафас қатъ шуд,
Арра худороии дандона бурд.
Ёди хаташ кардаму дил бохтам,
Сояи мӯр аз кафи ман дона бурд.
Ҳар кӣ дар ин анҷумани ҳирсу кад
Сохт ба худ, ганҷ ба вайрона бурд.
Ҳасрати дидор гиребон дарид,
Оинаи мо ҳама ҷо шона бурд.
Хондани асрори вафо мушкил аст,
Муҳр шуд он нома, ки парвона
бурд.
Дар дили мо завқи тамошо намонд,
Оҳ, касе оина з-ин хона бурд!
Қосиди дилбар ҷигарам доғ кард,
Номаи ман нола шуд, аммо набурд.
Вақти ҷунун хуш, ки ғами хонумон
Як-ду дам аз Бедили девона бурд.