Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бе яъс дил аз ҳар чӣ надорад, гила дорад,

Бе яъс дил аз ҳар чӣ надорад, гила дорад, Носудани дасти ту ҳазор обила дорад. Маҳмилкаши маҷнунравишон бесарупоист, Ин қофилаи ашк аҷаб роҳила дорад. Аз олами найранги амал ҳеҷ мапурсед, Офоқ шарарфурсату зоҳид чила дорад. Аз хор кунад шиква гули обилаи ман, Оина гар аз шӯхии ҷавҳар гила дорад. Як ғунча ба сад ранг гулафшони хаёл аст, Яктоии ӯ ин қадарам даҳдила дорад. Нагзашта зи сар, роҳ ба ҷое натавон бурд, Ҳуш дор, ки пойи ту ҳамин обила дорад. Дил маҳви гудоз аст, чи дар ҳаҷр, чи дар васл, Ин оина дар об шудан ҳавсала дорад. Даври шиками аҳли дувал бину дуҳул зан, К-ин тоифаро тухми амал ҳомила дорад. Ҳар ҷо равӣ, аз барқи фано ҷон натавон бурд, Умрест, ки оташ пайи ин қофила дорад. Дунё алами ғафлату уқбо ғами аъмол, Осудагӣ аз мо ду ҷаҳон фосила дорад. Бедил, ману он назм, ки ҳар мисраи шӯхаш Чун сарв, зи озодии ғамҳо сила дорад.