Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Оташи шавқи талаб он ҷо, ки равшан мешавад,

Оташи шавқи талаб он ҷо, ки равшан мешавад, Гар ҳама мижгон ба ҳам орем, доман мешавад. Доғро оинаи таслим бояд сохтан, Варна, моро нола ҳам рагҳои гардан мешавад. Дар саводи фақр дорад ҷавҳари таҳқиқ нур, Чун ҷаҳон торик гардад, шамъ равшан мешавад. Шишаву санг оташу обанд дур аз кӯҳсор, Оламе бо ҳам, ҷудо аз асл, душман мешавад. Муддати мавҳуми умр охир нафас тай мекунад, Ришта чун раҳ кӯтаҳ аз рафтори сӯзан мешавад. Аз лаби хандон ба чашми ҷоми май мегардад об, Ишрати саршор ҳам сомони шеван мешавад. Пур маяфшон бар дили мо домани зулфи расо, З-ин адоҳо субҳа зуннори бараҳман мешавад. Хатми кори ҷустуҷӯ бар хоки аҷз афтодан аст, Ашк чун монд аз давиданҳо чакидан мешавад. Гар ту ҳам аз худ бурун оӣ, ҷаҳоне дигарӣ, Дона худро медиҳад бар боду хирман мешавад. Беқаророни ҷунунро манъи ваҳшат мушкил аст, Ноларо занҷир ҳам сомони рафтан мешавад. Нақши ман гарди фано, гул кардани ман нестӣ, Чарх ҳам хок аст, агар оинаи ман мешавад. Бедил, имшаб бисмили теғи таманнои киям? Боли ман барги гул аз файзи тапидан мешавад.