Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Офот аз ҳавас ба сарат ҳола

Офот аз ҳавас ба сарат ҳола мешавад, Ин шуълаҳо зи дасти ту ҷаввола мешавад. З-ин корвон чӣ суд, ки ҳар кас чу нақши по Аз саъйи пештохта дунбола мешвад. Бе шуғли фитна нест, чу нафс аз фасод монд, Чун қаҳбаи аҷуз, ки даллола мешавад. Аз муҳтасиб битарс, ки ин фитназодаро Чун ворасанд, духтари раз хола мешавад. Бе сеҳр нест ҳайъати шайх аз руҷӯъи халқ, Ин хар таносухест, ки гӯсола мешавад. Савдоиёни бахти сияҳро таронаҳост, Тӯтӣ ҳазор ранг ба Бангола мешавад. Моро фиреби давлати бедор додааст Субҳе, ки дар шаб ӯ шафақи лола мешавад. Дар вақти эҳтиёҷ зи изҳор шарм дор, Чун шуд баланд дасти дуо, нола мешавад. Вомондаам ба роҳи ту чандон, ки бар лабам Чун шамъ ҳарфи обила табхола мешавад. Бедил, ба шайб номи ҳаловат мабар, ки нахл Дур аст аз самар, чу куҳнасола мешавад.