Обу ранги ибрате сарфи баҳорам кардаанд,
Обу ранги ибрате сарфи баҳорам кардаанд,
Панҷаи афсӯсам, аз судан нигорам кардаанд.
Олами ғафлат нагардад пардаи тасхири ман,
Ибратам, дар дидаи бино шикорам кардаанд.
Гарди ҷавлонам бурун аз пардаи афсурдагист,
Нолаи шавқам, чӣ шуд, гар найсаворам кардаанд?
З-ин сиришке чанд, к-аз ёдат ба мижгон бастаам.
Дастгоҳи сад чароғон интизорам кардаанд.
Рӯзгори сӯхтанҳо хуш, ки дар дашти ҷунун
Ҳар куҷо барқест, назри мушти хорам кардаанд.
То насиме мевазад, урёниям гул кардааст,
Оташам, хокистареро пардадорам кардаанд.
Бар кӣ бандам туҳмати дониш, ки ҷамъе бехирад
Тардимоғиҳои Маҷнун эътиборам кардаанд.
Сахт душвор аст чун оина худро ёфтан,
Оламеро дар суроғи худ дучорам кардаанд.
Парфишониҳои чандин нолаам, аммо чӣ суд
Аз дили афсурда ҷузви кӯҳсорам кардаанд.
Маҳмилам дар қатрагӣ ороиши сад мавҷ дошт,
То шудам гавҳар, ба дӯши хеш борам кардаанд.
Нест, Бедил, вазъи ман афсонасози дарди сар,
Ҳамчу хомӯшӣ шароби бехуморам кардаанд.