Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бозам аз файзи ҷунун омода шуд сомони субҳ,

Бозам аз файзи ҷунун омода шуд сомони субҳ, Медиҳад чоки гиребон дар кафам домони субҳ. Аз гудози пайкарам таъмири имкон кардаанд, Осмон дудест аз хокистари тобони субҳ. Фатҳи боби файз дар рафъи таваҳҳум хуфтааст, Аз шикасти ранги шаб во мешавад мижгони субҳ. Дар ҷунун вазъи гиребонам тамошо карданист, Ҳамчу захми дил намак дорад лаби хандони субҳ. Ин қадар хуни шаҳидон дар дами шамшери туст, Ё шафақ дорад ба каф сарриштаи домони субҳ? Мо ба кулфат қонеъем, аммо зи бас камфурсатӣ Шоми мо ҳам мезанад паймонаи даврони субҳ. Неъмате бар рӯи хони умри камфурсат куҷост? Ҳамчу шабнам даст мешӯяд зи худ меҳмони субҳ. То нагардад косаат пурхун ба ранги офтоб, Осмон мушкил, ки дар пешат гузорад нони субҳ. Тухми шабнам решаи ибрат дар ин гулшан давонд, Ханда тамъам медамад бо резиши дандони субҳ. То ба кай хоҳад ҳавас гарди хаёл ангехтан? Дар нафас руфтаст фурсат арсаи ҷавлони субҳ. Тарки ғафлат шоҳиди иқболи файзи мо бас аст, Чашм агар аз хоб во шуд, нест ҷуз бурҳони субҳ. Ҳар куҷо арзи нафас доданд, ҷинси бод буд, Ғайри вочидан чӣ дорад чидани дуккони субҳ? Ҳусн аз ҳар нолаи ошиқ ниқобе медарад Нагсилӣ рабти нафас, эй булбул, аз афғони субҳ. Тухми ашке мефишонад оҳу аз худ меравад, Ғайри шабнам нест, Бедил, зоди ҳамроҳони субҳ.