Аз кавокиб гул фишонад чарх дар домони субҳ,
Аз кавокиб гул фишонад чарх дар домони субҳ,
Офтоб оина корад дар раҳи ҷавлони субҳ.
Ботини пирон фурӯғободи чандин огаҳист,
Файз дорад гавҳарӣ аз ганҷи бепоёни субҳ.
Нур соҳибравнақ аз гарди касоди зулмат аст,
Куфри шаб аз куҳнагиҳо тоза кард имони субҳ.
Гоҳи хомӯшӣ нафас оинаи дил мешавад,
Суди хуршед аст, ҳар ҷо гул кунад нуқсони субҳ.
Дастгоҳи нозам аз саъйи ҷунун омодааст,
Дорам аз чоки гиребон нусхаи тӯфони субҳ.
Фатҳи бобе охир аз чоки дилам гул карданист,
Сояи чашми сафеде ҳаст бар Канъони субҳ.
Бехудисармояи номусгоҳи ваҳшатам,
Метавон дод аз шикасти ранги ман товони субҳ.
Маҳви анҷомам, димоғи
сайри оғозам куҷост?
Бар фурӯғи шамъ кам дӯзад назар ҳайрони субҳ.
Он чи оғозаш фано бошад, зи анҷомаш мапурс,
Метавон тӯмори имкон хондан аз унвони субҳ.
Чанд бояд буд дар ибратсарои рӯзгор
Туҳматолуди нафас чун пайкари беҷони субҳ?
Нусхаи шамъам, ки аз барҷастагиҳои хаёл
Мақтаам бартар гузашт аз матлаи девони субҳ.
Марги аҳли сӯз бошад ҳарфи сарди носеҳон,
Шамъро теғ аст, Бедил, ҷунбиши домони субҳ.