Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Мабод чашмаи шавқи маро фусурдани мавҷ,

Мабод чашмаи шавқи маро фусурдани мавҷ, Чу ашк арзи гуҳар дидаам ба домани мавҷ. Ҷаҳон зи ваҳшати ман ранги амн мебозад, Муҳит бисмили яъс аст аз тапидани мавҷ. Адаб зи тинати саркаш маҷӯ ба осонӣ, Хамидааст ба чандин шикаст гардани мавҷ. Кушоди кори гуҳар сахт мушкил аст ин ҷо, Бурида медамад аз чанги баҳр нохани мавҷ. Зи хеш рафтаӣ, андешаи каноре ҳаст, Бағал кушода зи дарё бурун давидани мавҷ. Фасодҳо ба таҳаммул салоҳ мегардад, Сипар зи теғ кашидаст орамидани мавҷ. Забон ба ком кашидан фусуни иззат дошт, Дамид қатраи мо гавҳар аз шикастани мавҷ. Чу аҷз даст ба сарриштаи нафас задаем, Шунидаем, шиканпарвар аст домани мавҷ. Нафас масӯз ба забти инони ваҳшати умр, Ниёзи барқи зи худ рафтанест хирмани мавҷ. Димоғи сайри муҳити ман об шуд, ё Раб, Хати шикаста дамад аз баёзи гардани мавҷ. Хамӯш, Бедил, агар роҳат орзу дорӣ, Ки ҳаст камнафасӣ монеи тапидани мавҷ.