Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

То зи пайдоӣ ба гӯшам хонд афсун эҳтиёҷ,

То зи пайдоӣ ба гӯшам хонд афсун эҳтиёҷ, Рӯзи аввал чун дилам хобонд дар хун эҳтиёҷ. Ҳусну ишқе нест, ҷуз иқболу идбори зуҳур, Лайлии ин базм истиғност, Маҷнун эҳтиёҷ. Нағмаи қонуни ин маҳфил салои ҷуди кист? Оламеро аз адам овард берун эҳтиёҷ. То нашуд хокистар, аз оташ сиёҳӣ гум нашуд, Тирабахтиҳо маро ҳам кард собунэҳтиёҷ. Сайди найранги таваҳҳумро чӣ ҳастӣ? Ку адам? Пеш аз ин хунам ғано мехӯрд, акнун эҳтиёҷ. Дархури ҷоҳ аст иброми фузулиҳои табъ, Симу зар чун беш шуд, мегардад афзун эҳтиёҷ. Бо лаимон гар чунин ҳирси гадотабъат хуш аст, Боядат зери замин бурдан ба Қорун эҳтиёҷ. Гар лаб аз изҳор бандӣ, ашк мижгон медарад, То куҷо бояд нуҳуфт ин ноламазмун эҳтиёҷ? Субҳи ин вайрона бо он бетааллуқ зистан Мебарад аз як нафас ҳастӣ ба гардун эҳтиёҷ. Арзи матлаб нармии гуфтор иншо мекунад, Ҳарфи номавзуни моро кард мавзун эҳтиёҷ. Ҳамчу аҳли қабр, Бедил, бенафас бошӣ, хуш аст, То набандад риштаат бар сози Маҷнун эҳтиёҷ.