Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Хорист ба ҳар каҷманиш аз ростравон баҳс,

Хорист ба ҳар каҷманиш аз ростравон баҳс, Бар хок фитад тир, чу гирад ба камон баҳс. Гӯёии оина бас аст аз лаби ҳайрат, Ҳайф аст, шавад ҷавҳари равшангуҳарон баҳс. Тамкин чӣ қадар хиффати дил мекашад он ҷо, К-аз ҳарфи баду нек кунад кӯҳи гарон баҳс. Бо теша чаро чеҳра шавад нахли баруманд? Бо хамшудақомат макун, эй тозаҷавон, баҳс. Мотамкадаи илм шумар мадраса, к-он ҷост Инсоф ба хун ғӯтазану навҳакунон баҳс. Гар бехираде соз кунад ҳарзазабонӣ, Бигзор, ки чун шуъла бимирад ба ҳамон баҳс. Он кист, ки гардад тарафи мавлавӣ имрӯз? Як теғи забон дораду сад нӯки синон баҳс. Аз ҷӯши ғубори манумо арсаи имкон Баҳрест, ки чидаст карон то ба карон баҳс. Дил шикваи он ҳалқаи гесӯ написандад, Ҳарчанд кунад оина бо оинадон баҳс. Бо хасм дами теғ бувад ҳуҷҷати мардон, Зан шавҳари марде, ки кунад ҳамчу занон баҳс. Бедор шуд аз нолаи ман ғафлати инсоф, Гарднд ба ҳайрат варақи хоби гарон баҳс. Ҷамъияти гавҳар накашад заҳмати амвоҷ, Бедил, ба хамӯшон накунад аҳли забон баҳс.