Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бемағзию дорӣ ба мани сӯхтаҷон баҳс,

Бемағзию дорӣ ба мани сӯхтаҷон баҳс, Эй пунба, макун ҳарза ба оташнафасон баҳс. Аз як нафас аст ин ҳама шӯри манумоят, Бар як раги гардан чӣ қадар чида дукон баҳс? Бо чарх далерӣ бувад асбоби надомат, Эй дидаварон, сарфа надорад ба духон баҳс. Дар тарки таҷаммул алами шӯру шаре нест, Булбул нанамояд ба чаман фасли хазон баҳс. Аз мадраса дам нозада бигрез, вагарна, Бархост раги гардану омад ба миён баҳс. Дар нусхаи марг аст, гар инсоф тавон ёфт, То илми фано нест, ҳамон баҳсу ҳамон баҳс. Аз оҷизии ман ҷигари хасм кабоб аст, Бо об кунад оташи сӯзанда чӣ сон баҳс? Зеру бами ин анҷуман офотхурӯш аст, Ҳар дам задан ин ҷо дами теғ асту фасон баҳс. Бо санг ҷунун мекунад андози шарорам, Умрест, ки дорад нигаҳу хоби гарон баҳс. Дар маъракаи ҳуш, ки хун бод бисоташ, То ранг нагардид, нагардонд инон баҳс. Гар дарси хамӯшӣ сабақи ҳоли ту бошад, Бедил, нарасад бар ту зи анбои замон баҳс.