Ёр дур аст зи мо, то ба назар наздик аст,
Ёр дур аст зи мо, то ба назар наздик аст,
Имтиёз оинаи дурии ҳар наздик аст.
Мегазад ҷавҳари оина кафи дасти тиҳӣ,
Бохабар бош, ки ифлосу ҳунар наздик аст.
Агар аз неъмати алвон натавон ком гирифт,
Муғтанам гир, ки дандон ба ҷигар наздик аст.
Чун нафас ним нафас дар қафаси оинаем,
Роҳати манзили мо пур ба сафар наздик аст.
Дуди дил муждаи хокистари мо доду гузашт,
Яъне, ин шаб ки ту дидӣ, ба саҳар наздик аст.
Хами таслим ҳам аз вазъи ниёзам бипазир,
Ҳалқа ҳарчанд бурун аст зи дар, наздик аст.
Ғайри бисмил ҳама кас ҷусту надоранд суроғ,
Ошёне ки ба афшондани пар наздик аст.
Дурии обу гуҳар бар ману дилдор мабанд,
Он қадар нест, ки гӯям: чӣ қадар наздик аст?
Бедил, оина бипардоз, ғами дурӣ чанд?
Осмон низ ба андози назар наздик аст.