Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳар куҷо гул кард доғе, бар дили девона сӯхт,

Ҳар куҷо гул кард доғе, бар дили девона сӯхт, Ин чароғи бекасӣ то сӯхт, дар вайрона сӯхт. Олам аз хокистари мо мавҷи соғар мезанад, Чашми махмури кӣ моро ин қадар мастона сӯхт? Ҳусн як мижгон нигаҳро рухсати шӯхӣ надод, Шамъи ин маҳфил тапишҳо дар пари парвона сӯхт. Муждаи васли ту шуд ғоратгари осоишам, Хоб дар чашмам ҳамон ширинии афсона сӯхт. Вазъи дунё ҳеҷ бар девона таъсире накард, Бештар ин барқи ибрат хирмани фарзона сӯхт. Доғи дил шуд раҳнамои кӯҳу ҳомун лоларо, Сар ба саҳро мезанад, ҳар кас матоъи хона сӯхт. Барқи номуси муҳаббатро чу доғ оинаам, Ман ба хокистар нишастам, гар дили бегона сӯхт. Мастии чашми туро нозам, ки барқи ҳайраташ Мавҷи майро чун нигаҳ дар дидаи паймона сӯхт. Баски хубонро зи рашки ҷилваат доғ аст дил, Метавон аз оташи санги санам бутхона сӯхт. Дур чашми бад, зиёнкори замини улфатам, Мазраъе дорам, ки бояд чун сипандам дона сӯхт. Орзуҳо дар нафас хун кард истиғнои дил, Нола дар занҷир аз тамкини ин девона сӯхт. Бисмили он тоирам, Бедил, ки дар гулзори шавқ Чун шарор, аз гармии парвоз бетобона сӯхт.