Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳарчанд дар ин гулшан ҳар сӯ гули худрӯест,

Ҳарчанд дар ин гулшан ҳар сӯ гули худрӯест, Аз хуни шаҳидонат дар ранги ҳино бӯест. Аз силсилаи таҳқиқ ғофил натавон будан, Тӯли амали офоқ аз олами гесӯест. Эй чарх, сари моро помоли ҷафо мапсанд, Ин лавҳи хати таслим аз хоки сари кӯест. Тавфиқи расо ишқ аст, моро чӣ тавоноист? Ёзидани ҳар дасте аз қуввати бозуест. Бе ҷаҳди ҳилол ин ҷо маҳ нақш намебандад, Эҷоди ҷабини мо вазъи хами зонуест. Шому саҳари олам то субҳдами маҳшар З-ин хоб ки мо дорем, гардондани паҳлӯест. Хар сӯ назар афкандем, дил кӯшиши беҷо дошт, Олам ҳама дар маънӣ Фарҳоди ҷунунхӯест. Тафриқи ҳақу ботил маснӯъи хаёлот аст, Гар хат накашад шӯхӣ, ҳар пушти варақ рӯест. Фурсатнашиносонем мо бехабарон, варна, Ҳар ман ки ба пеши мост, то дам задаем, ӯест. Ҳеҷ аст миёни ёр, аммо чӣ тавон кардан? Аз ҳайрати мавҳумӣ дар дидаи мо мӯест. Ҷое ки ғурури ӯст, аз мо кӣ нишон ёбад? Дар бодияи Лайлӣ Маҷнун рами оҳуест. Бедил, ба тавозуъҳо сайди дили мо кардӣ, Мо бандаи ин вазъем, ин сурати абрӯест.