Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Боз аз пон

Боз аз пон гашт лаъли навхати дилдор сурх, Ғунчааш омад бурун аз пардаи зангор сурх. Аз фиреби наргиси махмури ӯ ғофил мабош, Бе балое нест ранги чеҳраи бемор сурх. Он баҳори ноз дорад майли ҳасратхонаам, Метавон кардан чу барги гул дару девор сурх. З-ин гулистон дар камини лолазори дигарам, Оламе маҳви гулу ман доғи он дасторсурх. Бе гудози дард натвон дод арзи нашъае, Бода ҳам мегардад аз хун хӯрдани бисёр сурх. Қатли арбоби ҳавас бар аҳли дил макрӯҳ нест, Гар ба хуни гов созад барҳаман зуннор сурх, Саъйи золим дар газанди халқ дорад арзи ноз, Неши пое то нагардад, нест рӯи хор сурх, Рангҳо дорад фалак, мағрури ороиш мабош. Ҷомаат з-ин хум намеояд бурун ҳар бор сурх. Аз гудози ваҳми ҳастӣ ишқ соғар мезанад, Оташ аз хошок хӯрдан мекунад рухсор сурх. Шавқ хун шуд, к-аз ҷигар ранге ба домон оварем, Лек ку ашке, ки бошад як чакиданвор сурх? Хуни ҳасраткуштагон дар пардаи ранги ҳиност, Домани қотил бувад, дасте ки созад ёр сурх. Пайкарам аз нотавонӣ як раги гул хун надошт, То дами теғи ту мекардам ба он миқдор сурх. Хома гар сатре зи рамзи улфаташ иншо кунад, Гардад аз ғайрат ба ранги шуълаам тӯмор сурх. Ошиқонро мавҷи хун мебояд аз сар бигзарад, Ҳамчу гул аз ранги бадардӣ макун дастор сурх. Инчунин гар нола хунолуд хоҳад кард гул, Андалеби мо чу тӯтӣ мекунад минқор сурх. Ранги ваҳме ҳам агар ҷӯшад зи ҳастӣ, муфти мост, К-ин либоси тира натвон сохтан бисёр сурх. Офият ранге надорад дар баҳори эътибор, Бедил, аз дард аст чашми аҳли ин гулзор сурх.