Дурӯғу каҷ магӯ дар ҳеҷ роҳе, Ки набвад з-ин бадтар ҳаргиз гуноҳе. Макун ғайбат, мадеҳ беҳуда дашном, Ки дар ҳасрат фурӯ монӣ саранҷом. Накӯбин бош агар ақлат ба ҷой аст, Агар беайб меҷӯӣ, Худой аст.