Ошёни булбулон
Ба санъатгарони родиюи Тоҷикистон
Дидам андар як чаман як ошён,
Ошёни пурсафои булбулон,
Булбулони нағмапардозу накӯ,
Ишқбозони гули хушрангу бӯ.
Чун маро диданд пеши ошён,
Гирди ман гирд омаданд он булбулон.
Яксар афтоданд дар чаҳ-чаҳ задан,
Нағмаҳо хонданд дар васфи чаман.
Нағмаҳошонро чу гӯш андохтам,
Маст гаштам, ҳуши худро бохтам.
Ончунон мафтуни он ғулғул шудам,
Ки худам дар нағма чун булбул шудам.
Гуфтам, ин боғи калон обод бод!
Боғбони олии он шод бод!
Доим он дидор дар ёди ман аст
В-он сафо дар хотири шоди ман аст.
Гарчи як гул дар ҷаҳон бехор нест,
Боз ҳам аз гул ба дилҳо бор нест.
Эй хушо, он гулшану он ошён!
Бар шумо аз ман салом, эй булбулон!