Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Ба Тоҷикистон

Эй умеди дили рамидаи ман, Қуввати дасту нури дидаи ман, Ватани кору хонаи ишқам, Табъи шеъру таронаи ишқам! Ваҳ, чи рахшонӣ, эй шарораи сурх, Ҷон фидои ту, эй ситораи сурх! Бурҷи Машриқ агарчи хонаи туст, Лек олам пур аз фасонаи туст. Солҳо, пеш аз ин замона, ҳазор, На фақат як, ҳазор чандин бор Ту ҳунарманду паҳлавон будӣ, Равшанибахши ин ҷаҳон будӣ. Номдорони Шарқ дар гирдат Гирд буданд ҳамчу шогирдат. Хонаат мактаби маориф буд, Дари эҳсон ба оламе бикшуд. Боре, ин сон сухандарозӣ чист? Мункири ту ба ғайри душман кист? Дар ҷаҳон ҳар кӣ достон хонад, Номи деринаи туро донад. Лек чанде ту бенаво мондӣ, Аз ҳунарҳои худ ҷудо мондӣ. Бо вуҷуде ки хам накардӣ сар На ба Заҳҳоку не ба Искандар... Солҳо бо талошу бо мардӣ Ҷангу ҷонбозию ҷадал кардӣ... Гоҳ-гоҳе шудӣ музаффар ҳам, Лек зӯри ситам маҷол надод, Ки тамоман шавӣ зи банд озод. Ногаҳон шӯъла аз шимол дамид, Шӯълае сурху то ба Шарқ расид. Гуфт ин шӯъла: ҳай, ба по бархез! Дар раҳи зиндагӣ зи ҷо бархез! Эй ба шайху ба шоҳ монда асир, Даст ору бигир ин шамшер! Чанд монӣ асиру зору гадо? Туӣ, эй халқ, соҳиби дунё. Хезу бо ман ба сӯи майдон рав,