Ишқи беҳисоб
Дар дасти ӯ ҳамеша китобу қалам бувад,
Пайваста дар мубориза бо бешу кам бувад.
Ӯ узви ҳизб нест, вале ҳаст каммунист,
Донад ки каммунизм бидуни ҳисоб нест.
Дар кори ӯ ҳисобу ба гуфтори ӯ ҳисоб,
Дар фикри ӯ ҳисобу дар осори ӯ ҳисоб.
Паргорвор агар ки ба даври замин давад,
Аз нуқтаи ҳисоб таҷовуз намекунад.
Ҳамсояву рафиқу зану хешу ошно
Ҳаққу ҳисобдонии ӯро диҳад баҳо.
Гӯянд: моми даҳр варо бо ҳисоб зод,
Як чизи беҳисоб табиат ба вай надод.
Ногаҳ садои ғурриши шайпурҳои сурх
Бурдаш ба ҷанги зулм ба зери ливои сурх.
Дар он талоши сахт ба озодии башар,
Майдони имтиҳони фидокориву ҳунар,
Дар пеши саф ҳамеша ба мардӣ намуна буд,
Бахти адӯ зи ҳамлаи ӯ вожгуна буд.
Бо дӯст меҳрубон буду бо душманон шадид,
Ҳар дам ҷасорати наве аз ӯ шудӣ падид.
Маълум шуд, ки бар ватану халқу инқилоб
Ишқи дили муҳосиби мо буда беҳисоб.