Ёри ранҷида
Аз ман бути ман бегуноҳ
Ранҷиду шуд рӯзам сиёҳ,
Бо нолаву бо ашку оҳ
Гуфтанд гардад меҳрубон.
Гуфтам ба раъде ин сухан,
Раҳм омадаш бар ҳоли ман.
Шуд нола он раъди куҳан
Дар синаи тангам ниҳон.
Як абр бо ман ёр шуд,
Бар дарди ман ғамхор шуд,
Як чашмаи хунбор шуд,
Бигрифт дар чашмам макон
Як гирдбоди пурхурӯш
Аз дур дид он дарду ҷӯш,
Оҳе шуд аз ғурриш хамӯш,
Дар дил нишаст аз он замон.
Аз он замон ман то кунун
Аз дида резам сели хун,
Оҳ аз дилам ояд бурун
В-аз нола пур кардам ҷаҳон.
Бо ин ҳама оҳу фиғон
В-аз дида ҷӯҳои равон,
Ҳоло ҳам он ороми ҷон
Бо ман бувад номеҳрубон.
Ҳар кас ба ман эҳсон кунад,
Мӯъҷиз дар ин даврон кунад,
Ӯро ба ман меҳмон кунад,
Гардам ғуломаш ҷовидон.