Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Дилдор ба ман номаву пайғом фиристод

Дилдор ба ман номаву пайғом фиристод, Ё доруи дарди дили ноком фиристод? Дар ному шараф то кунадам шӯҳраи дунё, Ӯ нома ба номи мани гумном фиристод. Паймонаи дил буд тиҳӣ аз майи шодӣ, Ҷононаи ман бода ба ин ҷом фиристод. Мехост, ки дар васфи рухаш нағма сароям, Бо шарҳи муҳаббат ба ман илҳом фиристод.