Сад шаҳр шуниданд ҳама зории дилро
Сад шаҳр шуниданд ҳама зории дилро,
Як чора наҷустанд гирифтории дилро.
Ҳарчанд ки дар рӯи замин ҳеҷ табибе
Дору накунад ғайри ту бемории дилро.
Кош, эй гули гулҳои накӯӣ, ту набинӣ
Дар хоб ҳам ин ҳолати бедории дилро!..