Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Дар фироқи ҷонон

Парвоз кун, эй мурғи вафо, болу парат ку? Гул деҳ, дигар, эй нахли саодат, самарат ку? Беморию бедорию танҳоию зулмат Куштанд маро, эй шаби ҳиҷрон, саҳарат ку? Дар давру бари қалъаи уммед шудам пир, Эй хонаи вайронаи берахна, дарат ку? Ҷонон ба сарат омаду хомӯш гузар кард, Бархез, магар мурдаӣ, эй дил, шарарат ку? Абрӯи каҷат сӯи ман аз меҳр ишорат Кай мекунад? Эй ростӣ, охир асарат ку? Дилбар зи фидокорию ихлос кунад баҳс, Эй ҷони ба лаб омада, гап зан, ҳунарат ку? Бо вай бигӯ: эй соҳиби чашмони шифобахш, Пас ҷониби ин хастаи мискин назарат ку?