Хатои нави Хитой
Он шӯхи хитозода бубин боз хато кард,
Коре, ки ба бегона раво буд,ба мо кард!..
Як ҳарфи муҳаббат зи даҳонаш нашунидем,
Гарчи лаби худ сурх зи хуни дили мо кард.
Паймоншиканӣ одати шӯхони ҷаҳон аст,
Аммо на ба ин шева, ки он шӯхи Хито кард.
Тӯҳматзадаи базми рақибон шавад охир
Аз ошиқи худ ҳар кӣ вафо диду ҷафо кард.
Маст аз майи ғайр аст кунун, лек ба зудӣ
Фаҳмад, ки Хито буд, ки бо дӯст хато кард.
Охир, ки хиёнат ба дилам кардиву доғам
Аз он ҳама хуне, ки ба роҳи ту фидо кард.
Зулфи ту, ки имрӯз каманди раҳи мо шуд,
Инсоф деҳ, аз дасти рақибам кӣ раҳо кард?
Нозам ба тавоноии дил, гар пайи танбеҳ
Аз домани худ дасти туро зуд ҷудо кард.
Дил баста ба занҷири вафо, в-арна чу зулфат
Сад силсиларо дасти хуши боду ҳаво кард.