Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Тоҷикистон

Эй гули навраси боғи ленинизм, Писари ҳафтумии сусиёлизм, То ту аз модари заҳмат зодӣ, Дод Октабр туро озодӣ, – Дили дарбори Урупо хун шуд, Ки ба Шӯро писаре афзун шуд. Биржи Амрик ба ларзиш уфтод, Шарқи заҳматкаш аз ин шуд дилшод. Ҳарчи бозуи ту маҳкамтар шуд, Пушти сармоя зи ғам хамтар шуд. Хезу бо заҳмати худ муште зан, Пушти хамгаштаи ӯро бишкан. Чӣ ғам аз синфи тавонгар дорад Ҳар ки шаш, чун ту, бародар дорад? Ҳама ғамхору ҳаводори туанд, Рӯзи сахтӣ ҳамашон ёри туанд. Ба ту ҳам харҷию ҳам ҷома диҳанд, Ба ту ҳам дафтару ҳам хома диҳанд, То бихонӣ туву доно бишавӣ, Қад фарозию тавоно бишавӣ. Пас ту ҳам мисли бародарҳо кун, Нақшаҳоро ҳамагӣ иҷро кун. «Панҷ»-ро хат кашу бекор бимон, Ҷои он «зудтар аз чор» бимон. Бойро дар бари худ роҳ мадеҳ, Як пари коҳ ба бадхоҳ мадеҳ, Решаи муфтхуронро баркан, Аз тани душмани Шӯро сар кан. Ҳар чӣ фармони ВКП (б) бувад, Саъй кун то ҳама иҷро бишавад. З-он ки ин маркази сусиёлизм аст, Маркази душмании фошизм аст, Болшавикона, бидуни тахфиф, Хоҷагиро ҳама кун коллектиф. Пунбаи марг бинеҳ, эй тоҷик, Ба даҳони капитоли Амрик! Шубҳае нест, ки бо раъйи разин, Дар таки раҳбарии ҳизби Ленин