Ҳама доно шудаем
Мо фақирон, ки чунин олиму доно шудаем,
Ҳам тавоно шудаем.
Ҳама кӯрони қадимем, ки бино шудаем,
Ҳама доно шудаем.
Мо ҳамон камбағалонем, ки дар даври амир
Банда будему асир,
Бин, чӣ озоду хуш аз давлати Шӯро шудаем,
Ҳама доно шудаем.
Баски дар банд бимондему ба занҷир шудем,
Хаставу пир шудем,
Фатҳи Уктабр ба пеш омаду барно шудаем,
Ҳама доно шудаем.
Солҳо буд, ки будем чу гунгу кару кӯр,
Бандаву бардаи зӯр,
Мо, ки акнун ҳама донишвару гӯё шудаем,
Ҳама доно шудаем.
Дар ҷаҳолат ҳама бемору парешон будем,
Зору нолон будем,
Доруи илм бихӯрдему мудово шудаем,
Ҳама доно шудаем.
Мо, ки будем ғуломону муридон з-ин пеш
Пеши хону дарвеш,
Соҳиби мамлакату ҳокими Шӯро шудаем,
Ҳама доно шудаем.
Тӯдаи ранҷбаронем, ки бо роҳи Ленин
Дар ҳама рӯи замин
Муттаҳид баҳри иваз кардани дунё шудаем,
Ҳама доно шудаем.