Чӣ нангу ор касеро зи банду занҷир аст
Чӣ нангу ор касеро зи банду занҷир аст,
Ки дар муборизаи синфи коргар шер аст.
Аз он замон, ки шунидам ба ҷурми ранҷбарӣ
Ба кунҷи маҳбаси шаҳ дӯстам замингир аст.
«Ба шабнишинии зиндониён барам ҳасрат,
Ки нуқли маҷлисашон донаҳои занҷир аст».
Бигӯ ба мардуми Эрон, ки тарки шиква кунанд,
Ҷавоби зулм фақат обдода шамшер аст.
Ба зидди ҷабру ситам иттиҳоду ташкилот
Барои халқи ситамкаш ягона тадбир аст.
Бубин, чӣ сон шиками хоҷа сер аз он нонест,
Ки барзгар пайи таҳсили он зи ҷон сер аст.
Ситам нигар, ки зи маҳсули хеш нон хӯрдан
Барои тӯдаи Эрон бузург тақсир аст.
Асорати зану бедоди шоҳу ғафлати халқ
Ҳикоятест, ки берун зи ҳадди таҳрир аст.
Ба ҷанги зулм ҷавон аст рӯҳи Лоҳутӣ,
Сафедмӯ шуда, аммо гумон мабар пир аст.