Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Дар роҳи комсумул чу ба хидмат равон шавам

Дар роҳи комсумул чу ба хидмат равон шавам, Пирам агар ба сол, ба ҳиммат ҷавон шавам. Умрест дар муқобили бадхоҳи ранҷбар Пайваста дар муборизаи беамон шавам. Бовар макун ба ҷабҳаи мафкура ҳеҷ вақт, Бар зидди синфи мурфтхӯрон нотавон шавам. Шуд сарфи инқилоб тамоман ҷавониям В-имрӯз ҳозирам, ки зи нав имтиҳон шавам. Аз баҳри ҳифзи сарҳади Шӯро ба баҳру бар Ман ҳозирам чу комсумулон посбон шавам. Ман гулшани маорифам, эй фирқаи Ленин, Магзор, к-аз насими мухолиф хазон шавам.