Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Сипоҳи нози ту дар кишвари дилам он кард

Сипоҳи нози ту дар кишвари дилам он кард, Ки зулми синфи тавонгар ба ҳоли деҳқон кард. Тавону тоқату сабрам зи дурият диданд Фаҷоеъе, ки Бритониё ба Эрон кард. Ҳар он чи кард ситам шаҳ ба инқилобиюн, Ба ошиқони худ он чашми масти фаттон кард. Биё, фасонаи таърих бин, ки ҳар ҳастӣ Зи халқ гашт бапо, ӯ ба номи шоҳон кард. Бубин таҷоҳули ориф, ки мулки миллатро Гирифт муфтиву аз Ардашери Сосон кард. Фақат ҳукумати заҳматкашон кунад ҷуброн Мазолиме, ки дар Эрон нажоди Хоқон кард. Бубин ба кишвари Шӯро, ки зӯри коллектив Чӣ корҳои дурахшандаро намоён кард. Усули хоҷагии мо ба дасти ҷамъият Тамоми олами сармояро парешон кард. Бинои зулм қавӣ буд, хонааш обод Сипоҳи сурх, ки онро зи бех вайрон кард. Ба ҳайратам, ту чӣ хоҳӣ дигар зи Лоҳутӣ, Ки бе риё ба раҳат ҳар чӣ дошт, қурбон кард.