Дар ин замона басо кас бувад, ки сар бахшад
Дар ин замона басо кас бувад, ки сар бахшад,
Вале на чун ту, ки сарро ба ранҷбар бахшад.
Қасам ба хуни ту, к-андар замини озодӣ
Шаҳодати ту бувад донаву самар бахшад...
Накард марги ту бар шаҳ асар, вале таъсир
Фиғони модари пират ба коргар бахшад.
Дар инқилоби ҷаҳон марги пуршаҳомати ту
Ба фавҷи коргару ранҷбар зафар бахшад.
Дарафши сурх ба зудӣ ба шаҳ кунад собит,
Ки хуни ноҳақи заҳматкашон асар бахшад.