Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Ба Ҳиҷозӣ

Эй коргари асири имрӯз, Фардо чу шавӣ тамоман озод, Бо чаккуши хешу доси деҳқон Вайрона кунӣ ҷаҳони бедод, Дар сояи адлу илму ирфон Дунёи наве намоӣ обод, Он рӯз зи рӯи ҳиссу виҷдон Аз рӯҳи рафиқи худ бикун ёд! З-он кас ки ба нафъи синфи аъён Доданд варо ба дасти ҷаллод, Дар маҳбаси ҳавлноки Теҳрон Андар раҳи синфи хеш сар дод, Сар дод, вале ба сарфарозӣ. Эй тӯдаи зореи ситамкаш, Чун зиндагии ту гардад эйман, Ин бахти сиёҳу шоми торик Табдил шавад ба рӯзи равшан, Мошин ояд ба зӯри техник Дар дасти ту ҷои гову оҳан, Бардор ту бе фасоду таҳрик Аз ҳосили ранҷи хеш хирман, Бинӣ ҳама ҷо зи дуру наздик Ҳампоя шудаст мард бо зан, Ёд ор зи рӯи нийяти нек, З-он кас, ки ба хотири туву ман Бинмуд ба хуни хеш бозӣ! Рӯзе, ки шавад зи хоки Эрон Як мартаба дасти зулм кӯтоҳ, Барпо гардад ҷаҳоне аз нав Бе молику шайху шаҳнаву шоҳ, Дониш фиканад ба халқ партав, Нодонҳоро намояд огоҳ, Аз ҳосили ранҷи хеш як ҷав Деҳқон надиҳад ба шайхи бадхоҳ, Биншинад андар он қаламрав Заҳмат ба сарири иззату ҷоҳ, Он рӯз зи Басра то ба Маскав