Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Шуд бапо колхузу гардид раҳо ҷони ҳама

Шуд бапо колхузу гардид раҳо ҷони ҳама, Ҳама гаштанд азони ману ман з-они ҳама. Даври ин хона пур аз бой шуд, аммо заҳмат Санг зад ҳамчу саги дузд ба дандони ҳама. Зулм ҳар ҷову ба ҳар ному ба ҳар ранге ҳаст, Дасти сармоя бувад силсилаҷунбони ҳама. Муштзӯрон ҳама бадхоҳи туанд, эй деҳқон, Даст бардор ба ҷуз хеш зи домони ҳама. Зиндагонӣ ҳама бояд бишавад коллектив, То саранҷом бигирад сару сомони ҳама. Қарнҳо муфтхӯрон хуни фақирон хӯрданд, Хуш ба чанг омада ин давра гиребони ҳама. Буржуозӣ шуда бо ҳарбаи дин ҳозири ҷанг, Чун как уфтода, худо, боз ба тунбони ҳама. То зи нав бандаи сармоя кунад заҳматро, Шуда фошизм кунун ҳомии «имон»-и ҳама. Лашкари зулм тавоност, вале Лашкари Сурх Ҳаст чун шери жаён ҳозири майдони ҳама.