Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Парвона шаб ба ёди туам сӯзаду равад

Парвона шаб ба ёди туам сӯзаду равад, Аз ман усули сӯхтан омӯзаду равад. Ҳар ҷо ки бархурам ба нигоре, хаёли ту Ояд чу тир, чашми маро дӯзаду равад. Ҳар шаб даруни бистарам аз ашки чашми ман Ёдат ҳазорҳо гуҳар андӯзаду равад. Булбул зи боғ ҳар саҳар ояд ба боми ман, Нолидан аз барои гул омӯзаду равад. Лоҳутӣ аз вафои ту гоҳе хабар диҳад, Бо ин васила захми дилам дӯзаду равад.