Таронаи синфӣ
Ҳар чӣ бувад дар рӯи замин
аз коргару деҳқон аст,
Коргару деҳқон ба ҷаҳон халлоқи матоу
нон аст.
Мо зиндаи деҳқононем,
Поянда зи муздуронем.
Зулми амирон то чанд?
Бедоди вазирон то кай?
Муфтхӯрон дар айшу тараб аз заҳмати деҳқон
То кай зару сим аз боён?
То кай зани деҳқон урён?
то кай?
Камбағалон аз пиру ҷавон, бо ҳам
ҳама ҷо пайвандед!
Якдилу ҷон дар ҷумла ҷаҳон бар зидди ситам
саф бандед!
Душман сафи худро орост,
Вақти ҳунару кори мост!
Ҷумла ба майдон тозем!
Бар қасри амирон тозем!
Маҳв кунем дунёи ситам, дунёи адолат созем,
Душман равад аз мо барбод!
Заҳмат шавад аз мо озод!
Январи