Бар саводи сангфарши роҳ
Бо тамоми хашми хеш,
Бо тамоми нафрати девонавори хеш.
Мекашам фарёд:
Эй ҷалод!
Нангат бод!
Оҳ, ҳангоме ки як инсон
Мекушад инсони дигарро,
Мекушад дар хештан
Инсон буданро.
Бишнав эй ҷалод!
Мерасад охир
Рӯзи дигаргун:
Рӯзи кайфар,
Рӯзи кинхоҳӣ,
Рӯзи бор овардани ин шӯразори хун.
Зери ин борони хунин
Сабз хоҳад гашт базри кин.
В-ин кавири хушк
Борвар хоҳад шуд аз гулҳои нафрин.
Оҳ, ҳангоме ки хун аз хашми саркаш
Дар танӯри қалбҳо мегирад оташ,
Барқи сарнайза чи ночиз аст!
Ва хурӯши халқ
Ҳангоме ки мепечад
Чун танини раъд аз офоқ то офоқ,
Чи диловез аст!
Бишнав эй ҷалод!
Мехурӯшад хашм дар шайпур,
Мекӯбад ғазаб бар табл,
Ҳар тараф сар мекашад исён
Ва даруни бистари хунини хашми халқ
Зода мешавад тӯфон.
Бишнав, эй ҷалод!
Ва мапӯшон чеҳра бо дастони хунолуд!
Мешиносадат ба сад нақшу нишон мардум.
Медурахшад зери барқи чакмаҳои ту
Лаккаҳои хуни домангир.
Ва ба кӯҳу дашт печидаст