Нилуфар
Эй кадомин шаб!
Як нафас бикшой
Ҷангали анбуҳи мижгони сиёҳатро!
То билағзад бар булури биркаи чашми кабуди ту
Пайкари маҳтобгуни духтаре, к-аз дур,
Бо нигоҳи хеш меҷӯяд
Бӯсаи ширини рӯзи офтобиро
Аз навозишҳои гарми дастҳои ман.
Духтаре нилуфарин, шабранг, маҳтобӣ
Метапад бетоб дар хоби ҳавасноки умеди хеш.
Пой то сар як ҳавас: оғӯш.
Ва танаш лағзону хоҳишбор, меҷӯяд
Чун меҳи печон ба рӯйи дараҳои хоболуди сапедадам,
Бистарамро.
То билағзад аз талаб саршор
Ҳамчу мавҷи бӯсаи маҳтоб
Рӯйи гандумзор.
То бинӯшад дар навозишҳои гарми дастҳои ман
Шабнами як ишқи ваҳширо.
Эй кадомин шаб!
Як нафас бикшой мижгони сиёҳатро.