Ғуруб
Дарахте пир
Шикаста, хушк, танҳо, гум,
Нишаста дар сукути ваҳмноки дашт.
Нигоҳаш дур
Фусурда дар ғуруби мурдаи дилгир.
Ва ҳангоме ки бармегашт
Калоғе хаста сӯйи ошёни хеш,
Ғамовар, бар сари он шохаҳои хушк
Фурӯғи вопасини хандаи хуршед
Шуд хомӯш...