Эй сарвиноз, тунд марав, сӯи ман биё
Эй сарвиноз, тунд марав, сӯи ман биё,
Доғи дилам шукуфта, ба сайри чаман биё.
Мавзунқадон ба тарфи чаман карда анҷуман,
Эй сарви хушхиром, дар ин анҷуман биё.
Шуд дар раҳи ту дидаи канъониён сафед,
Аз Мисри ноз, Юсуфи гулпиразан, биё.
То чанд талхком ба ҳиҷри ту зистан?
Шахдам чашон аз он лаби шаккаршикан, биё.
Оинаи хаёл ба сайқал расондаам,
Дар интизорам, эй санами симтан, биё.
Фориғ нишин ба булбулу тӯтӣ дар ин чаман,
Кай гӯямат ба суҳбати зоғу заған биё?
Дар кунҷи ҳаҷр нест чу Мақнуна тангдил,
Эй ҷилваат баҳортирози чаман, биё!