Интизорaм бар ту, эй сарви хиромонам, биё
Интизорaм бар ту, эй сарви хиромонам, биё,
Чун ба каф истодаам, бархез, ҷононам, биё.
Чанд аз нозу тафозул тунд меронӣ саманд,
Мардуми хун пой нех дар чашми ҳайронам, биё.
Субҳи васли ман зи хуршеди ҷамолат нур дошт,
Шоми ҳиҷрон тира шуд, эй моҳи тобонам, биё.
Бе ту дар кунҷи надомат дарди ҳиҷрон мекашам,
Вораҳон, эй сарвиноз, аз дарди ҳиҷронам, биё.
Чашми хоболуди ман роҳат надорад бе рухат,
То биёсояд даме мижгон ба мижгонам, биё.
Эй баҳори ноз, чун гулҳои боғ аз рафтанат
Чок-чок аст аз гиребон то ба домонам, биё.
Сарви дилҷӯят тар аз гулзор доман мекашад,
Дар риёзи ҷӯйбори дида биншонам, биё.
Чашми ҳайронам пари товус иншо мекунад,
Ҳамчу гул бепарда, эй рашки гулистонам, биё.
Аз хаёли зулфи ӯ, Мақнуна, пурошуфтаам,
Соате бар пурсиши ҳоли парешонам, биё.