Бас, ки роҳи малак задам, нақши вуҷуди ҳақ задам
Бас, ки роҳи малак задам, нақши вуҷуди ҳақ задам,
Пой ба нӯҳ фалак задам, бар сари чанбар омадам.
Хизмати ёр кардаам, зар ба канор кардаам,
Ҷумла нисор кардаам, пеши ту музтар омадам.
Гӯшаи мулки офият манзили хеш кардаам,
Чой ба мулки беҳудӣ бар сари лангар омадам.
Кӯйи ту буд манзилам, Нодира, ишқ ҳосилам,
Доғи вафост дар дилам, хозини гавҳар омадам.